Талоши «Челси» барои ба даст овардани роҳхати ЛЧ

Талоши «Челси» барои ба даст овардани роҳхати ЛЧ

Дар вохӯрии даври 36-уми Чемпионати Англия дастаи “Челси” бо тими “Норвич Сити” майдондорӣ кард. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи «Стэмфорд Бриҷ»-и шаҳри Лондон сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба суди “ашрофзодаҳо” хотима ёфт. Ягона голи ин набардро ҳамлавари фаронсавии даста Оливе Жиру ба нишон расонид. Акнун баъди ин пирӯзӣ “Челси” соҳиби 63 хол шуда, дар зинаи сеюми ҷадвал ҷой гирифт. Дар даври навбатӣ шогирдони Фрэнк Лэмпард бо қаҳрамони ПЛА дастаи “Ливерпул” рӯ ба рӯ мешаванд.

Чемпионати Англия. Даври 36-ум

«Челси» — «Норвич» — 1:0 (1:0)

Гол: Жиру, 45+3.

«Челси»: Аррисабалага, Аспиликуэта, Алонсо (Ҷеймс, 80), Зума, Рюдигер, Ковачич, Жоржиню, Лофтус-Чик (Баркли, 67), Виллиан, Жиру (Абраҳам, 86), Пулишич (Хадсон-Одои, 81).

«Норвич»: Крул, Клозе, Годфри, Люис, Ааронс, Теттей (Штиперманн, 79), Рупп (Мартин, 89), Маклин, Кантуэлл (Буэндия, 71), Дрмич (Ида, 79), Эрнандес (Пукки, 78).