Ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди футболи фарогир дар чорабинии сатҳи баланди СММ муаррифӣ шуданд

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди футболи фарогир дар чорабинии сатҳи баланди СММ муаррифӣ шуданд

17 июли соли 2026 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ ва дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ оид ба масъалаҳои ҷавонон чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Як ҷаҳон, як бозӣ, як ҳадаф: Футбол ҳамчун омили пешбурди солимии равонӣ ва некӯаҳволии ҷавонон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Ноиби якуми Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, Президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол (FIFA) Ҷованни Инфантино ва Ёвари Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои ҷавонон Фелипе Пауллиер ҳамчун суханварони асосӣ иштирок карданд.

Хуршед Мирзо зимни суханронии худ таъкид намуд, ки футбол танҳо як навъи варзиш нест, балки забони муштараки миллатҳо буда, новобаста аз марз, фарҳанг ва забон мардумро ба ҳам меорад. Ба гуфтаи ӯ, ин навъи варзиш дар ташаккули рӯҳияи дастаҷамъӣ, устуворӣ, эътимод ва эҳсоси мансубият миёни ҷавонон нақши муҳим дорад.

Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба истифодаи футбол ҳамчун воситаи таҳкими солимии равонӣ, фарогирии иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо дастгирии FIFA ва Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) барои рушди инфрасохтори футбол, густариши футболи оммавӣ, наврасон ва занона, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои ҷавонон тадбирҳои пайваста амалӣ менамояд.

Дар идомаи суханронӣ Хуршед Мирзо баргузории чунин ҳамоишро идомаи талошҳои Тоҷикистон дар самти истифодаи неруи футбол барои таҳкими сулҳ, рушди устувор ва ҳамгироии иҷтимоӣ арзёбӣ кард. Ӯ инчунин ба ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ишора намуд. Дар асоси ин ташаббус Маҷмаи Умумии СММ 25 майро расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард, ки аҳамияти футболро дар таҳкими ваҳдат, ҳамкории байналмилалӣ ва рушди устувор эътироф менамояд.

Президенти FIFA Ҷованни Инфантино зимни суханронии худ қудрати футболро ҳамчун воситаи муттаҳидсозандаи мардум аз кишварҳо, фарҳангҳо ва наслҳои гуногун таъкид намуда, нақши онро дар таҳкими фарогирӣ, маориф ва пешбурди тағйироти мусбати иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ кард. Ӯ изҳор дошт, ки FIFA истифодаи футболро барои рушди ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳои нав дар саросари ҷаҳон идома медиҳад.

Фелипе Пауллиер низ аҳамияти сармоягузорӣ ба солимии равонии ҷавонон ва фароҳам сохтани муҳити бехатару фарогирро таъкид намуда, гуфт, ки варзиш, бахусус футбол, метавонад воситаи муассири таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ, баланд бардоштани устуворӣ ва тавонмандсозии ҷавонон бошад.

Чорабинӣ дар арафаи бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 баргузор шуда, намояндагони давлатҳои узви СММ, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҷавон, сиёсатмадорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва доираҳои варзиширо барои баррасии нақши футбол дар пешбурди солимии равонӣ, некӯаҳволӣ, фарогирӣ ва ҳамбастагии иҷтимоии ҷавонон гирди ҳам овард.

Дар доираи ҳамоиш инчунин видеои маъракаи «Тубро ба дигар нафар парто», ки дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ Тоҷикистон омода шудааст, ба намоиш гузошта шуд. Ҳадафи ин маърака баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа оид ба аҳамияти солимии равонии кӯдакон ва ҷавонон тавассути имкониятҳои футбол мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ бори дигар таъкид гардид, ки ҳамкории СММ, FIFA, давлатҳои узв ва шарикони рушд метавонад аз неруи варзиш барои ҳифзи солимии равонӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии ҷавонон ва бунёди ҷомеаҳои фарогир, устувор ва муттаҳид самаранок истифода барад.