Тедеско метавонад сармураббии "Милан" шавад

Тедеско метавонад сармураббии  "Милан" шавад

Собиқ сармураббии бошгоҳи «Спартак» Доменико Тедеско метавонад вазифаи сармураббигии бошгоҳи итолиявиро ба зимма бигирад, иттилоъ медиҳад La Gazzetta dello Sport. Нисбати ин олмонӣ «Милан» диққат кардааст.

Тибқи иттилоъи сарчашма мураббии феълии миланиҳо Стефано Пиоли бо анҷоми мавсим вазифаашро тарк мекунад. Роҳбарияти даста аллакай дар ҷустӯҷӯи мураббии нав аст.

Ба ҳайси се номзади асосӣ сармураббии феълии мунтахаби Белгия Тедеско, Марсело Галярдо аз «Ал-Иттиҳод» ва Кристоф Галтйе аз «Ал-Дуҳайл» баррасӣ карда мешаванд.

Иттилоъ дода мешуд, ки Антонио Конте метавонад мураббии «Милан» шавад, зеро ин муттахассисро мухлисони россонери мехоҳанд, ки мураббии тимашон бошад.

«Милан» дар зинаи дуюми ҷадвали чемпионати Италия қарор дошта, «Интер» пештар қабл аз мӯҳлат унвони қаҳрамонӣ дар Серияи А-ро ба даст оварда буд.

Пиоли «Милан»-ро аз моҳи октябри соли 2019 тамрин дода, мӯҳлати шартномааш то соли 2025 аст. Таҳти роҳбарии муттахассиси 58-сола сурху-сиёҳҳо ғолиби Серияи А дар мавсими-2021/22 шуда буданд.