Тен Ҳаг: “Ояндаи ман дар “МЮ”? Ман дар ин бора фикр намекунам, ман дастаро то ҳадди имкон омода месозам"

Тен Ҳаг: “Ояндаи ман дар “МЮ”? Ман дар ин бора фикр намекунам, ман дастаро то ҳадди имкон омода месозам"

Сармураббии дастаи «Манчестер Юнайтед» Эрик тен Ҳаг ба савол дар мавриди ояндааш посух дод.

“Девҳои сурх” 6-уми май дар бозии даври 36-уми чемпионати Англия аз «Кристал Пэлас» бо ҳисоби бузурги 0:4 мағлуб шуданд. карданд.

«Ояндаи ман? Ман дар ин бора фикр намекунам. Ман дастаро то ҳадди имкон омода мекунам. Мо мушкилиҳои зиёде дорем. Ягона чизе, ки ман ба он диққат медиҳам, ин аст, ки бо дастаи худ беҳтар кор кунам. Ман танҳо дар бораи беҳтар кардани дастаи худ фикр мекунам "гуфааст, Эрик тен Ҳаг ба BBC.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло «Манчестер Юнайтед» бо 54 имтиёз дар зинаи 8-уми ПЛА қарор дорад.