Тими футзали Эрон дар Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ медали тилло гирифт

Тими футзали Эрон дар Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ медали тилло гирифт

Дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ 6-умин Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ дар соли 2025 ҷараён дорад. Дар доираи мусобиқаи футзал мунтахаби Эрон соҳиби медали тилло гардид.

Дар финали мусобиқа дастаҳои футзали Эрон ва Марокаш бозӣ карданд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 5 бар 0 ба суди Эрон хотима ёфт.

Аз ҳайати Эрон голҳоро Амирҳусейн Ғоламӣ (дубл), Ҳуссейн Тайебӣ (дубл) ва Маҳдӣ Каримӣ ба самар расониданд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм тими Ӯзбекистон бар мизбони мусобиқа Арабистони Саудӣ зафар ёфта, медали биринҷиро соҳиб шуд.

Дастаи футзали Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳӣ ба даври плей-офф роҳ ёфта натавонист. Тими мо дар се бозии гурӯҳӣ аз Афғонистон, Марокаш ва Эрон мағлуб гардид.

Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ VI Бозиҳои Ҳамбастагии Исломӣ доир мегардад. Беш аз 3000 варзишгари 57 давлати узви Ассотсиатсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ (ISSA) ширкат мекунанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 134 нафар намояндагӣ мекунанд, ки аз ҷумла 54 нафар масъулину мураббиён, 7 нафар ҳайати роҳбарикунанда ва 69 нафар варзишгар аз рӯи 12 намуди варзиш мебошанд.