Тими ҷопонии “Йокогама Фронт Маринерс” ба финали Лигаи Чемпионҳои КФО роҳ ёфт

Тими ҷопонии “Йокогама Фронт Маринерс” ба финали Лигаи Чемпионҳои КФО роҳ ёфт

Дар бозии ҷавобии марҳилаи ниманиҳоии Лигаи чемпионҳои Осиё миёни дастаҳои “Улсан Хёнде”-и Кореяи Ҷанубӣ ва “Йокогама Фронт Маринерс”-и Ҷопон вақти асосӣ бо натиҷаи се бар ду ва аз рӯи ҳисоби ду бозӣ се бар се хотима ёфт. Ёдовар мешавем, ки дар бозии нахуст тими Улсан бо ҳисоби як бар сифр дар майдони хеш пирӯз шуда буд.

Дар идомаи рақобат вақти си дақиқаи иловашуда низ дастаҳо ғолибро муайян карда натавонистанд ва ба задани силсилазарбаҳои пеналтӣ пардохтанд, ки онҷо намояндаи Ҷопон бо ҳисоби 8:6 пирӯзӣ ба даст овард.

Ҳамин тариқ, тими ҷопонии “Йокогама” ба финали Лигаи чемпионҳои Осиё роҳхат гирифт, ки муқобили тими “Ал-Айн”-и Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат мекунад.

Бозиҳои финалии Лигаи чемпионҳои КФО рӯзҳои 11-ум ва 25-уми майи соли 2024 доир мешаванд.