Тимо Вернер ҳамоно дар интизори пешниҳод аст

Тимо Вернер ҳамоно дар интизори пешниҳод аст

Тибқи хабарҳои “Скай спортс” Тимо Вернер дар равзанаи трансферии наздик омодаи гузариш ба “Ливерпул” кардааст. Футболбоз аллакай Клоппро бовар кунонидааст,ки агар “Ливерпул” шартномаашро аз “Лейпсиг” харидорӣ намояд ӯ бозингари сурхҳо мешавад. Ҳаҷми гузариши ин бозингар   52 миллион евроро ташкил медиҳад, айнан чунин маблағ дар нуқтаи харидории қарордоди Вернер қайд шудааст. Аммо сурхонро шитобкорӣ мебояд,чаро, ки чунин нарх танҳо то 15-уми июн амал мекунад.   Бояд илова намуд,ки пештар дар “Лейпсиг” гуфта буданд,ки Тимро дар даста боздоштан намехоҳанд, агар,ки ӯ худ майли рафтан намояд. 

Бинобар чунин гуфтаҳо дар ин гузариш мушкил набояд ба миён биёяд ва 52 миллион дар чунин ҳолати мушкил дар футбол худ маблағи бузургест.   Андешаҳои мо бошад дар хусуси чунин трансфер то ҳол бетаъғир аст. Мушкил аст гуфтан,ки кадомеро аз миёни сегонаи Фирмино, Мане, СалоҳКлопп дар эҳтиёт мондан мехоҳад. Аз ин лиҳоз Вернер аз курсиҳои эҳтиёӣ бомаром ба майдон омадан мегирад, ҳарчанд,ки чунин имконият барояш дар ҳар як бозӣ ба амал ояд. Аммо ҳастанд бошгоҳҳое,ки метавонанд ӯро чун неруи асосии ҳамла бигиранд, вале инҷо интихоб аз худи футболбоз вобасгагӣ дорад. Аз ҷониби дигар бо намоиши бозии аълосифат дар эҳтиёт шинондани яке аз сегонаҳои мавсуфро ба Вернер касе халал намерасонад.