УЕФА дар бораи баргузории бозиҳои Лигаи Чемпионҳо хабар дод

УЕФА дар бораи баргузории бозиҳои Лигаи Чемпионҳо хабар дод

УЕФА ахиран дар мавриди тақдири мусобиқоти аврупоӣ дар мавсими ҷорӣ ҳарф зад. Президенти Ассотсиатсяи футболи Аврупо - Александер Чеферин хабар дод, ки бозиҳои аврупоӣ бояд то 3-юми август доир шаванд. Дар сурати беҳтар нашудани вазъ маҷбуранд то аз баҳри ин мавсим бигзаранд то ҷони одамонро дар хатар нагузоранд. 

"Мусобиқоти мазкур бояд то 3-юми август ба анҷом расад. Ин бештар ба Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупо рабт дорад. Ин ҳолати ғайримуқаррарист, ба ҳамин хотир вақт бениҳоят кам мондааст. Агар хурӯҷи вируси корона коҳиш ёбад, пас мо барвақтар бозиҳоро оғоз мекунем.

Мо имкон дорем, ки мусобиқаро ба таври системаи мавҷуда ҳамон тавр идома бахшем. Ё ду бозӣ ва як вохӯрӣ гузаронида, дар майдони бетараф баргузор кунем. Феълан мо барои анҷоми даври 1/8 ниҳоӣ якчанд вариантҳо дорем.

Ягона хулосаи иштибоҳро мо ҳоло бароварда метавонем, он аст, ки таваккал карда, бозиҳоро роҳандозӣ кунем ва ҷони футболбозону мухлисон ва доваронро дар хатар гузорем” иқрор шудааст: Александер Чеферин.