“Вахш” ҷойгузини “Истиқлол” дар садри ҷадвали Лигаи олӣ шуд

“Вахш” ҷойгузини “Истиқлол” дар садри ҷадвали Лигаи олӣ шуд

Бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. Дастаи “Истиқлол” пас аз натоиҷи бозиҳои даври панҷум пешсафиро ба “Вахш” дод. 14 360 нафар мухлис бозиҳоро дар варзишгоҳ аз наздик тамошо карданд. Дар ин давр мо шоҳиди 12 гол гардидем.

Бо бозии дастаҳои “Парвоз” ва “Равшан” даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оғоз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди “Равшан” хотима ёфт. Ягона голи бозиро Муҳаммадалӣ Азизбоев дар дақиқаи 86-уми бозӣ ба самар расонид. Азизбоев аз захира ба майдон омада голи ғалабаоварро барои “Равшан” зад. Меҳрубон Каримов аз ҳайати “Равшан” беҳтарин бозигари дидор дониста шуд. “Парвоз” дар мавсими имсолаи Лигаи олӣ то ҳанӯз ғалаба надорад, дар сурате, ки “Равшан” ғалабаи дуюмашро ба қайд гирифт.

Дар бозии дигари давр “Барқчӣ” дар баробари “Истаравшан” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба пирӯзӣ расид. Бо голҳои Ислом Зоиров ва Фредрик Асанте дар даҳаи охири бозӣ “Барқчӣ” ғалаба ба даст овард. Ягона голи “Истаравшан”-ро Муҳаммадиқбол Аминзода ба самар расонид. Азизбек Далиев аз ҳайати “Барқчӣ” беҳтарин бозигари дидор эътироф шуд. Ин ғалабаи дуюми “Барқчӣ” дар ин мавсим аст, дар ҳоле, ки “Истаравшан” то ҳанӯз ба пирӯзӣ нарасидааст.

Рустам Хоҷаев бо “Сардор” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар баробари “Вахш” ба нокомӣ расиданд. Миркомил Локаев бо худголаш ҳисобро ба фоидаи “Вахш” кушод. Дар идома Нуриддин Ҳамроқулов аз ирсоли головари Фатҳулло Фатҳулолоев ва Мимита Татарков голҳои дигари тими шаҳри Бохтарро ба самар расониданд. Ҷаъфар Исмоилов муаллифи голи ягонаи “Сардор” аз зарбаи пеналтӣ шуд. Микита Татарков аз ҳайати “Вахш” беҳтарин бозигари дидор эътироф гардид. “Палангон”-и водии Вахш сеюмин ғалабаи мавсимро ба қайд гирифта, ба садри ҷадвали мусобиқа баромаданд.

Дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд дастаҳои “Хуҷанд” ва “Регар-ТадАЗ” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо бидуни гол хотима ёфта, беҳтарин бозигари вохӯрӣ Александр Нечаев аз ҳайати тими “Хуҷанд” эътироф шуд. “Уқобон”-и соҳили Сир то ҳанӯз ин мавсим ба бохт рӯ ба рӯ нашудаанд, дар ҳоле, ки дар даври оянда бо “Истиқлол”-и шикастнопазир рӯ ба рӯ мешаванд.

Бозии сермухлис ва марказии давр миёни “Ҳосилот” ва “Истиқлол” баргузор шуд. Дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор дар ҳузури 6 760 нафар мухлис ба натиҷаи мусовии 1 бар 1 расиданд. Аз ҳайати “Истиқлол” дар дақиқаи 23-юм Муҳаммадҷон Раҳимов гол зад. Салоҳиддин Иргашев пас аз захира ба майдон омадан бо голи зебо дар поёни рақобат ҳисобро баробар намуд ва дастаашро аз бохт наҷот дод. Беҳтарин бозигари вохӯрӣ Алишер Ҷалилов аз ҳайати “Истиқлол” эътироф шуд.

Дар шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дастаҳои “Эсхата” ва КМВА андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи КМВА анҷом ёфт. Ин аввалин ғалабаи “артишиҳо” бо сармураббии нав Файз Давлатов дар бозиҳои расмӣ буд. Голҳои тими шаҳри Душанберо Абдухалил Боронов ва Исломбек Исоқҷонов ба самар расониданд. Абдухалил Боронов беҳтарин бозигари дидор дониста шуд.

Пас аз анҷоми бозиҳои даври панҷум дастаи “Вахш” бо 10 имтиёз ва таносуби тӯбҳо дар зинаи аввал аст. КМВА бо 10 имтиёз дар зинаи дуюм, “Истиқлол” бо 9 имтиёз дар зинаи сеюм ва “Хуҷанд” бо 9 имтиёз чаҳоргонаи беҳтаринҳоро дар ҷадвали мусобиқа пур мекунанд. “Истаравшан” бо 3 имтиёз ва “Парвоз” бо 1 имтиёз дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқа қарор доранд.


Тақвими бозиҳои даври 6-уми Лигаи олӣ

24 апрел | 17:00

“Регар-ТадАЗ” – “Вахш”

“Истиқлол” – “Хуҷанд”

25 апрел | 17:00

“Сардор” – “Барқчӣ”

“Парвоз” – “Ҳосилот”

26 апрел | 17:00

“Равшан” – КМВА

“Истаравшан” – “Эсхата”