Ёрии дастаҳои маъруфи олмонӣ ба ҳамтоёни худ

Ёрии дастаҳои маъруфи олмонӣ ба ҳамтоёни худ

Клубҳои футболи маъруфи олмонӣ бо мақсади дастгирии дастаҳои Лигаҳои поёнтари футболи Олмон аз суратҳисоби худ маблағ ҷудо намудаанд. Ин дастаҳо дар Бундеслига баромад мекунанд ва аз мушкилоти иқтисодӣ танқисӣ намекшанд, аммо хуруҷи вируси карона ба бисёре аз тимҳои футболи олмонӣ зарари калони иқтисодӣ расонид, ки онҳоро буҳрони молявӣ таҳдид мекунад.

Маблағи мазкур аз ҳисоби дастаҳои ба монанди «Бавария»-и Мюнхен, «Боруссия»-и Дортмунд «РБ Лейптсиг» ва «Байер» ҷудо шудааст. Роҳбаритяти клубҳои мазкур 20 миллион евро ҷудо намудаанд, ки он барои дастгирии тимҳои футболи аз лиҳози иқтисодӣ заиф равона мешаванд. Ёдовар мешавем, ки бисёре аз дастаҳои футбол бо сабаби хуруҷи каронавирус ва боздоштани мусобиқа ба мушкилоти калони иқтисодӣ гирифтор шуданд.




sma