1 нуқра ва 1 биринҷии ҷудокорони тоҷик дар вазни то 66 килои Dushanbe Grand Slam 2024

1 нуқра ва 1 биринҷии ҷудокорони тоҷик дар вазни то 66 килои Dushanbe Grand Slam 2024

Имрӯз дар қалби Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 оғоз шуд, ки 390 ҷудокор аз 65 кишвари 5 қитъаи оламро ба ҳам овард. Аз ин шумора 204 мард ва 186 бону мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ рақобатҳоро шурӯъ карданд.

Валида Хяри фаронсавӣ зери вазни то 66 кг дар Гранд Слами Душанбе дар даври аввал аз дасти Абдураҳим Нутфуллоеви ӯзбек хориҷ шуд. Нутфуллоев бошад дар даври нимниҳоӣ аз Обид Ҷебови тоҷик мағлуб шуд.

Обид Ҷебови 26 сола паҳлавони дӯстдоштаи мардуми тоҷик дар роҳ ба финал тамоми рақибонашро бо иппон шикаст дода, ҳаводорони ҷудои тоҷикро масрур кард, лек дар финал аз Сардор Раҳимови туркман бо се шидо ноком шуд.

Муллораҷаб Халифаев паҳлавони дигари тоҷик дар ин вазн то марҳилаи чаҳорякниҳоӣ як – як рақбонро аз садди роҳ дур кард аммо дар ин марҳила бо як иштибоҳ аз Сардор Раҳимов ноком шуд. Дар рақобати тасаллобахш Халифаев намояндаи бетарафро шикаст дода, дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар Нутфуллоеви ӯзбек зафар ёфт.

Ғолибони вазни – 66 кг

1. Сардор Раҳимов (Туркманистон)

2.Обид Ҷебов (Тоҷикистон)

3.Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон)

3.Иван Чернюх (AIN)

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин вазн Тоҷикистонро бо Ёсин Бобокалонов ва Муқтадири Бобоҷон муаррифӣ карданд, ки дар даври аввал ноком шуданд.