Бавуудорҷ Баасанху аввалин тиллоро дар мусобиқаҳои Гранд Слам соҳиб шуд

Бавуудорҷ Баасанху аввалин тиллоро дар мусобиқаҳои Гранд Слам соҳиб шуд

Имрӯз дар қалби Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 оғоз шуд, ки 390 ҷудокор аз 65 кишвари 5 қитъаи оламро ба ҳам овард. Аз ин шумора 204 мард ва 186 бону мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ рақобатҳоро шурӯъ карданд.

Он чизе, ки ба мо бештар маъқул аст, ин ҳайрон шудан аст. Ҳеҷ чиз ғайр аз ғалабаи бузурги техникӣ бар зидди интизорӣ лаззатбахш нест. Рӯзи аввали мусобиқаи Гранд Слами Душанбе чунин ҳиссиётро ба мо бахшид. Дар даври аввал Тхи Тин Ҳоанг аз Ветнам барандаи медали дукаратаи ҷаҳон байни наврасон Лоис Петити белгиягиро мағлуб кард то рақобатро бо Милиса Николичи сербӣ идома диҳад.

Николич бо ҳамин роҳ намеравад ва вай рақиби ветнамии худро зуд мағлуб кард ва дар идома аз садди Моисеева (AIN) ҳам гузашт. Пешгӯӣ шуда буд, ки ӯ дар даври ниманиҳоӣ бар зидди кореягӣ Ли хоҳад буд, аммо Ли ба ин натиҷа нарасид ва дар рақобати аввалаш аз Перроти фаронсавӣ шикаст хӯрд. Перрот бошад дар ин масир аз садди ҷудокори турк Тугсе Бедер гузашта натавонист ва бо як имтиёзи вазарӣ мағлуб шуд.

Акнун ҳама гумон доштант, ки Малисаро дар финал мебинанд, аммо ин тавр нашуд. Ҷудокори серби дар даври нимниҳоӣ аз Бедер бо имтиёзи вазарӣ мағлуб шуд.

Дар финал Бедер бо ҷудокори муғул Бавуудорҷ Баасанху нерғсанҷӣ карда ноком шуд ва аввалин нишони нуқраи худро дар мусобиқаҳои Гранд Слам ба даст овард. Баасанху, ки қаблан боре ба гирифтани нишони тилло дар мусобиқаҳои Гранд Слам ноил нагардида буд ва 2 нуқраю 3 биринҷӣ дошт, ниҳоят авввалин тиллоро ба гардан овехт.

Ғолибони вазни -48 кг

1. Бавуудорҷ Баасанху (Муғулистон)

2.Тугсе Бедер (Туркия)

3.Милиса Николич (Сербия)

3. Айна Мойсива (AIN)

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин вазн Тоҷикистонро Райҳона Розиқзода муаррифӣ карда, дар даври аввал аз Аманда Лимаи бразилӣ мағлуб шуда буд.