Дар вазни 52 кило ҷудокорони швейтсарӣ тиллою нуқра гирифтанд

Дар вазни 52 кило ҷудокорони швейтсарӣ тиллою нуқра гирифтанд

Имрӯз дар қалби Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 оғоз шуд, ки 390 ҷудокор аз 65 кишвари 5 қитъаи оламро ба ҳам овард. Аз ин шумора 204 мард ва 186 бону мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ рақобатҳоро шурӯъ карданд.

Ҳеҷ кадоме аз чаҳор ҷудокори номдор имрӯз дар вазни то 52 кило миёни бонувон ба даври нимниҳоӣ нарасид. Эҳтимол, ҳеҷ кас финали умумишвейтсариро интизор набуд, аммо ҳамин тавр гузашт, ҳам Ндиайе ва ҳам Коччер як рӯзи ғайриоддӣ доштанд.

Бинта Ндиайе ҳоло 19-сола аст. Вай аз сатҳи наврасон ду медали ҷаҳонӣ дорад, аммо то ҳол ба марраҳои бузургтар гом наниҳода буд. Ӯ имсол дар Линтс медали биринҷӣ гирифт ва маъракаи тахассусии олимпии худро мустаҳкам кард, аммо медали имрӯза дар Душанбе шонси ӯро хеле зиёд мекунад.

Муборизи ҷавони швейтсарӣ Мартинесро аз Мексика барои иппон нигоҳ дошт, Ҷӯраеваро аз Ӯзбекистон хело зебо шикаст дода ба чаҳорякниҳоӣ расид ва онҳо бар зидди рақами як Масша Баллхауси олмонӣ бо вазарӣ зафар ёфт.

Дар дарви нимниҳоӣ Бинта бо ҷудокори кореягӣ Йерин Ҷунг нерӯсанҷӣ карда, зафар ёфт ва роҳашро ба финал ҳамвор намуд. Амма тааҷубовараш ин буд, ки Бинта дар финал аз ҳамватанаш Фабиенне Коччер мағлуб шуд.Таҷрибаи бештари Коччер ба ӯ даст дод то дар финал шаҳди пирӯзиро чашад. Швейтсария метавонад бо варзишгарони худ ифтихор кунад, ки ҳам ба роҳхатгирии олимпӣ наздиктар мешаванд ва ҳам яке фосилаи дигареро маҳкам мекунад, ки ин барои Коччер ва Ндиайе натиҷаи мусбат аст.

Ғолибони вазни -52 кг

1.Фабиенне Коччер (Швейтсария)

2.Бинта Ндиайе (Швейтсария)

3.Йеринг Ҷунг (Кореяи Ҷанубӣ)

3. Глафира Борисова (AIN)

Ёдовар мешавем, ки дар ҳамин вазн Тоҷикистонро Аҳлия Мӯъминова, Насиба Карликова ва Мадина Қурбонзода муаррифӣ намуданд, ки дар даври аввал ҳама ноком шуданд.