Фаворитҳои вазни то 66 кг дар Dushanbe Grand Slam 2024

Фаворитҳои  вазни то 66 кг дар  Dushanbe Grand Slam 2024

Тоҷикистон барои аввалин бор мизбони мусобиқаи ҷаҳонии Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад. Мусобиқаи мазкур аз 3-юм то 5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе миёни беҳтарин ҷудокорони сайёра доир мешавад.

Дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 дар шаҳри Душанбе зери вазни то 66 кг ҳоло 32 ҷудокор номнавис шудаанд. Дар байни фаворитҳо дар категорияи вазни то 66 кг якчанд ҷудокорон ҳастанд, ки барои зинаҳои фахрӣ талош меварзанд.

Ан Баул – ҷудокори кореягӣ қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2015 дар Остона, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпӣ дар Рио ва барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Токио мебошад.

Ҷебов Обид – ҷудокори тоҷик барандаи нишони заррини Гран-при соли гузашта дар Душанбе ва барандаи ҷоизаи Гран-при дар Улан-Батор ва Анталия мебошад. Имсол ҷудокори тоҷик талош хоҳад кард, ки пирӯзии худро такрор кунад ва дар назди ҳаводорони ҷудои тоҷик ба зинаи баландтарини минбар барояд.

Манзи Элиос - ҷудокори итолиёвӣ барандаи мусобиқаи Гранд Слам дар Абу-Даби ва барандаи 3 медали биринҷии Чемпионати Аврупо мебошад.

Валид Кйар - ҷудокори фаронсавӣ ғолиби чандинкаратаи мусобиқаҳои силсилаи ҷаҳонии IJF ва барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар Доҳа мебошад.

Айбек Уулу Кубаничбек – ҷудокори қирғиз барандаи мусобиқаи Tibilisi Grand Slam ва қаҳрамони Осиё-2018 байни наврасон аст.

Ёдовар мешавем, ки дар вазни то 66 кг Тоҷикистонро Обид Ҷебов, Муллораҷаб Халифаев, Ёсин Бобокалонов ва Муқтадири Бобоҷон муаррифӣ мекунанд.