Голи Арда Гюлер дар сафар ба “Реал” се имтиёз овард

Голи Арда Гюлер дар сафар  ба “Реал”  се имтиёз овард

Бозии даври 33-юми Ла Лигаи Испания, ки дар он дастаҳои «Реал Сосйедад» ва «Реал Мадрид» вохӯрданд, ба анҷом расид. Бозӣ дар Сан-Себастян баргузор шуда, бо ҳисоби минималии 0 бар 1 ба суди меҳмонон анҷом ёфт.

Дар дақиқаи 30-юм нимҳимоятгари “Реал” Арда Гюлер дар бозӣ ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 33-юм ҳамлагари “Реал Сосйедад” Такефуса Кубо гол зад, аммо пас аз баррасии VAR гол бекор карда шуд.

Пас аз 33 даври чемпионати Испания «Реал Сосйедад» 51 имтиёз дорад ва дар ҷои шашум қарор дорад. “Реал Мадрид” пас аз ғалаба бо 84 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошад.

Дар даври оянда “Реал” бо “Кадис” рӯзи 1-уми май дар сафар бозӣ мекунад. “Реал Сосйедад” рӯзи 4-уми май дар мизбонӣ бо “Лас – Палмас” андари майдони рақобат мешавад.