Никола Лазаревич- беҳтарин мураббии моҳи апрел дар Лигаи олӣ

Никола Лазаревич- беҳтарин мураббии моҳи апрел дар Лигаи олӣ

Сармураббии “Истиқлол” мутахассиси сербиягӣ Никола Лазаревич беҳтарин мураббии моҳи апрел дар Чемпионати Тоҷикистон-2024 эътироф гардид. Дар ин бора дафтари матбуотии Лигаи олӣ хабар додааст.

“Истиқлол” зери роҳбарии Лазаревич дар моҳи апрел 4 бозӣ анҷом дода, 12 имтиёз ба даст оварда, пешсафи ҷадвал аст.

Ёдовар мшеавем, ки ҷоизадорони Лигаи олӣ бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3 000 сомонӣ аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.