Шукуҳу шаҳомати мусобиқаи Гранд Слам дар қалби Тоҷикистон – Душанбе

Шукуҳу шаҳомати мусобиқаи Гранд Слам дар қалби Тоҷикистон – Душанбе

Гран-прии соли гузаштаи Душанбе ҷаҳони ҷудоро ба ваҷд оварда буд. Ҳеҷ кас интизор набуд, ки ҷудо на танҳо дар майдон, балки дар саросари шаҳр тантана дошта бошад. Лавҳаҳои дурахшанда, издиҳом дар намоишҳои беруна, плакатҳо, баннерҳо ва парчамҳо пойтахти Тоҷикистонро зеб медоданд ва он воқеан фазоеро, ки дар Қасри теннис эҳсос мешуд, инъикос мекард.

Мардуми Тоҷикистон ҷудоро истиқболгирифта, барои ҳар иппон, хоҳ аз ҷудочии тоҷик бошад, хоҳ не, бо садои баланд шодӣ мекарданд. Ин рӯҳияи аҷибе буд ва мо интизори будем, ки дубора аз он лаззат барем ва ҳоло баргаштем.

Аз субҳи барвақти рӯзи аввал мухлисони ҷудо дар беруни майдон навбат меистоданд ва баробари кушода шудани дарҳо роҳ дохили толор гирифтанд.

Омода буданд, ки варзишгаронро аз аввалин “Ҳаҷиме!” истиқбол гиранд. Тӯли як сол мо дар ҳайрат будем, ки оё фазои хотирмонро, ки дар ҳақиқат хеле хуб буд, дубора мебинем ва мо ноумед намешавем? Трибунаҳои пур, барабаннавозон, черлидерҳо - ин чорабинӣ ҳама чизро дорад.

Манбаъ: https://www.ijf.org/news/show/the-spirit-of-dushanbe