Муддаиёни вазни то 60 кг дар Dushanbe Grand Slam 2024

Муддаиёни  вазни то 60 кг дар  Dushanbe Grand Slam 2024

Тоҷикистон барои аввалин бор мизбони мусобиқаи ҷаҳонии Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад. Мусобиқаи мазкур аз 3-юм то 5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе миёни беҳтарин ҷудокорони сайёра доир мешавад.

Дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 дар шаҳри Душанбе зери вазни то 60 кг ҳоло 26 ҷудокор номнавис шудаанд. Дар байни фаворитҳо дар категорияи вазни то 60 кг якчанд ҷудокорон ҳастанд, ки барои зинаҳои фахрӣ талош меварзанд.

Серикбаев Нурканат - ҷудокори қазоқ чанде пеш дар Tbilisi Grand Slam ғолиб шуд, ваъда медиҳад, ки бори дигар ба тамошобинон сабки хоси гӯштии худро намоиш медиҳад.

Шамшадин Магжан - ҷудокори қазоқ барандаи чандинкаратаи мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи IJF ва инчунин барандаи медали биринҷии Бозиҳои Осиёии соли 2022, талош хоҳад кард, ки бо ҷоиза аз ин мусобиқа дар Тоҷикистон рекорди худро зам кунад.

Меҳрзод Суфиев - ҷудокори мизбон дар назди мухлисони зиёд кӯшиш хоҳад кард, ки бе ҷоиза мусобиқаро тарк накунад. Ӯ дар мусобиқаҳои Гранд Слам 12 бор иштирок кардааст вале ҷоизае надорад. Дар мусобиқаи соли гузашта дар Душанбе Суфиев нишони биринҷӣ ба даст оварда буд.

Ҳаято Кондо – ҷудокори ҷопонӣ ноиби қаҳрамони Токио-2022 ва барандаи медали биринҷии мусобиқаи Grand Slam дар Боку, низ талош хоҳад кард то барои ҷой дар шоҳсуфа рақобат кунад.

Заирбеков Ғамзат – ҷудокори бетараф , ки дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург»-и   Боку-2023 медали нуқра ба даст овард, дар мусобиқаи Душанбе низ барои роҳ ёфтан ба сегонаи беҳтаринҳо мубориза мебарад.

Ёдовар мешавем, ки дар вазни то 60 кг Тоҷикистонро Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Муҳаммад Маҳмадизода ва Ҳақдод Гулов муаррифӣ мекунанд.