Муддаиёни вазни то 81 кг дар Dushanbe Grand Slam 2024

Муддаиёни  вазни то 81   кг дар  Dushanbe Grand Slam 2024

Рӯзҳои 3-юм то 5-уми май қалби Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад.

Дар мусобиқаи мазкур дар шаҳри Душанбе зери вазни то 81 кг ҳоло 40 ҷудокор номнавис шудаанд. Дар байни фаворитҳо дар категорияи вазни то 81 кг якчанд ҷудокорон ҳастанд, ки барои зинаҳои фахрӣ талош меварзанд.

Нугзари Таталашвили - ҷудокори гурҷӣ аст, ки давоми солҳои охири шарафи АМА – ро ҳимоя мекунад. Ӯ соли 2009 дар байни наврасон медали биринҷӣ ва соли 2014 медали тиллои Чемпионати Аврупоро ба даст овард. Аз соли 2022 ӯ дар ҳайати тими ҷудои Амороти Муттаҳидаи Араб баромад мекунад. Нугзари соли 2023 дар Абу-Даби ва соли 2024 дар Тифлис медали биринҷии мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург”-ро соҳиб шуд. Дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг соли 2024 медали нуқра ба даст овард.

Абулайхан Жубаназар – ҷудокори 24 солаи қазоқ аст. Соли 2023 ӯ дар мусобиқаи Гранд Слами Улан-Батор медали биринҷӣ ва дар Гранд Слами Тифлис медали нуқра ба даст овардааст.

Вачид Борчашвили – ҷудокори австриягӣ буда, барандаи нишони тилло ва баринҷии мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” аст. Соли 2023 дар Гранд Слами Тифлис медали тилло ва дар Гранд Слами Абу –Даби медали биринҷӣ гирифтааст.

Шарофиддин Болтабоев – ҷудокори 28 солаи ӯзбек аст. Ӯ барандаи як нишони тилло, се нишони нуқра ва се нишони биринҷӣ дар мусобиқаҳои Гранд Слам маҳсуб шуда, аз муддаиёни асосӣ дар ин вазн аст.

Ёдовар мешавем, ки дар вазни то 81 кило Сунатулло Лоиқов, Сайфиддин Сайфиддинзода, Сунатулло Мусоев ва Раҳматуллобек Фарҳодов муаррифӣ мекунанд.