Ҳамлавари "Реал" ба Арабистони Саудӣ меравад

Ҳамлавари "Реал" ба Арабистони Саудӣ меравад

Нафари голзани мадридиён ба саудиҳо писанд омадааст.

Ҳамлавари «Реал» ва мунтахаби Испания Хоселу метавонад ба чемпионати Арабистони Саудӣ гузариш анҷом диҳад. Дар ин бора расонаҳои испанӣ менависанд.

Ёдовар мешавем, ки «Реал» ният дорад ҳуқуқ ба Хоселуро аз «Эспанйол» ба пуррагӣ ба даст орад. Ин иртиботи трансферӣ барои мадридиҳо яку ним миллион евро арзиш пайдо мекунад.

Тибқи маълумоти сарчашма бошгоҳи шоҳона ҳеҷ ягон ҳуқуқе ба Хоселуро ба даст намеорад, зеро шурӯъ аз мавсими нав Килиан Мбаппе ва Эндрик шомили тим мешаванд. Айнан ба ин хотир саудиён имконияти хуби ба даст овардани ҳамлаварро доранд.