Артур Мело ба “Барселона Б” гузаронида шуд

Артур Мело ба “Барселона Б” гузаронида шуд

Ниммуҳофизатгари бразилии бошгоҳи “Барселона” Артур Мело ба ҳайати ҷавнони даста яъне “Барселона Б” равон карда шуд. Ба маълумоти сарчашма “Барселона” пурра омода шудааст, ки Артурро бо нимҳимоятгари “Ювентус” Миралем Пянич иваз намояд.

Худи Артур қаблан хабар дода буд, ки “Барселона”-ро тарк кардан намехоҳад. Ёдовар мешавем, ки Мело соли 2018 аз тими “Гремио”-и Бразилия ба “Барса” гузариш намуда буд. Дар мавсими ҷорӣ бозигар 16 бозӣ гузаронида ба задани 3 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст.