Эмомалӣ ва Сомон дар Dushanbe Grand Slam 2024 иштирок намекунанд

Эмомалӣ ва Сомон дар Dushanbe Grand Slam 2024 иштирок намекунанд

Ду паҳлавони шинохтаи тоҷик Эмомалии Нуралӣ (-66 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) дар мусобиқаи Гранд Слами Душанбе иштирок намекунанд.

Эмомалӣ бинобар сабаби омодагӣ ба Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон ва Сомон бо сабаби осеби гирифтааш дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар мусобиқаи Гранд Слами Душанбе иштирок карда наметавонанд.

-         “Бо вуҷуди он ки бисёр мехостам дар аввалин Гранд Сламе, ки кишварамон онро баргузор мекунад, иштирок намоям, аммо ин фурсат ба ман даст надод. Сабаби иштирок накарданам ин аз меъёри муқарраршуда каме зиёд будани вазнам аст. Дар баробари ин, ҳамчунин, мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон дар пеш аст, ки бо Гранд Слами Душанбе қариб дар як вақт баргузор мегардад ва ман низ иштирокчии он ҳастам. Бинобар ин, наметавонам, ки яку якбора худро ба ҳардуи ин мусобиқоти муҳим омода намоям”,- гуфт Эмомалӣ.

-         “Сомон дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Ҳонконг осеб бардошт ва ин сабаб шуд ӯ то дар Гранд Слами Душанбе иштирок накунад. Мо умед доштем, ки то ин муддат ӯ худро барқарор мекунад, аммо мутассифона дар охир ноумед шудем”- қайд кард, Эргаш Маҳмадбеков.

Ёдовар мешавем, ки Гранд Слами Душанбе аз 3-юм то 5-уми май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.