Имрӯз-Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот

Имрӯз-Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот

Ҳамасола 6 апрел Рӯзи байналмилалии варзиш ба хотири сулҳу субот ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзро Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 23 августи соли 2013 эълон намуд, ки мақсад аз он тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш ба хотири сулҳу субот мебошад.

Тавре муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода иброз дошт, варзиш омили муҳими ҷаҳоншиносӣ, муаррифӣ ва наздик гардидани халқу миллатҳо ва кишварҳои мухталифи ҷаҳон буда, варзишгарон беҳтарин муаррифу номбардор ва парчамбардорони ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Имрўз тамоми мардуми мамлакат аз пирўзиву комёбиҳои варзишгарону паҳлавонон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла медалҳои олимпӣ ва дигар мукофоту дастовардҳои назарраси онҳо ифтихор доранд.

«Маҳз бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои беназири сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш рушд ёфта, имрӯз беш аз 9 ҳазору 853 иншооти варзишӣ дар истифодаи ҷомеа ва варзишгарон қарор дода шудаанд. Аз ин шумора 140 муассисаи варзишӣ барои омода намудани варзишгарони касбӣ бо фарогирии 47 ҳазору 930 нафар наврасону ҷавонон фаъолият менамоянд. Танҳо дар се соли охир дар шаҳри Душанбе 245 иншооти варзишӣ ба истифода дода шудаанд»,- гуфт Ризо Назарзода.

Бино ба зикри номбурда, Ҳукумати мамлакат варзишро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он тадбирҳои муассир амалӣ менамояд. Ҳоло бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ 140 мактаби варзишӣ амал менамоянд, ки аз ин 1 Маркази ҷумҳуриявии омодагии олимпӣ, 4 мактаби маҳорати олии варзишии ҷумҳуриявӣ, 1 Маркази омодагии олимпӣ дар шаҳри Хоруғ, 2 мактаби маҳорати олии варзишии вилоятӣ, 3 мактаби махсуси варзишии ҷумҳуриявӣ, 12 мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ (10 мактаб дар ш. Душанбе, 1 мактаб дар ш.Хуҷанд ва 1 мактаб дар н.Рўдакӣ), 90 мактаби варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва 21 мактаби варзишӣ дар тобеияти Иттифоқҳои касабаи мустақил ва ташкилоти ҷамъиятии «Ҳосилот» ба ҳисоб мераванд.

Мояи хушнудист, ки  соли 2019 ба хазинаи варзиши мамлакат 994 медал ворид гардид, ки аз ин 355 медали тилло, 250 медали нуқра ва 389 медал биринҷӣ мебошад. Натиҷаҳои бадастомада аз рӯи 15 намуди олимпии варзиш ва 19 намуди ғайриолимпии варзиш ба даст оварда шудаанд.

Ҳамин тариқ 42 нафар варзишгарони беҳтарини мамлакат, ки меъёри ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2019 иҷро намуданд, соҳиби Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Ҳунарнамоии Дилшод Назаров, Сомон Маҳмадбеков – нахустин чемпиони ҷаҳон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи дзюдо байни ҷавонон, Баҳодур Усмонов дар риштаи бокс (чемпиони Осиё), Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ), Сиёвуш Иброимов (таэквондо), Сабрина Абророва (шоҳмот), Ғаниҷон Ғаниев (дзюдо), Беҳрӯзи Хоҷазода (дзюдо), Хушқадам Хусравов (самбо), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо), Темур Раҳимов (дзюдо), Фирӯз Мирзораҷабов (юнону румӣ), Шероз Очилов (юнону румӣ), Ислом Толибов (юнону румӣ), Муҳсинҷон Муллоҷонов, дастаи ҷавонони футболи 16 ва 17 солаҳо ва дигарон нишонаи олии ин гуфтаҳо мебошад.

Футболи тоҷик баъд аз танаффуси тўлонӣ дар заминаи заҳматҳои шабонарўзии Президенти Федератсия Рустами Эмомалӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат аз нав қомат афрохта, мавқеи устувори хешро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ 5 мактаби махсусгардонидашудаи футбол ва 1 академия фаъолият дошта, ба онҳо зиёда аз 600 нафар футболбозони наврасу ҷавон ҷалб карда шудаанд.

«Ҳоло бо мақсади эҳё ва рушди бозиҳои миллии варзишӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таъриху анъанаҳои миллии аҷдодон, таҳкими тарзи ҳаёти солим, ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ ва пешгирии омилҳои номатлуб аз соли 2016 дар ҷумҳурӣ бо мусоидати бевоситаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ роҳандозӣ  шуд, ки ҳамасола дар сатҳи баланд дар 3 марҳила  доир мегардад.

Фестивали мазкур аз  ду намуд: сабқат — рақобати даставӣ ва бозиҳои намоишӣ  иборат буда, ба гурӯҳи сабқат ва рақобати даставӣ  8 намуд бозӣ ва ба гурӯҳи намоишӣ  10 номгӯй бозӣ дохил мешаванд. Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ аз 3 марҳила иборат буда, марҳилаи  якум дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо,  марҳилаи  дуюм дар сатҳи минтақа, вилоят  ва марҳилаи сеюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад»,- гуфт муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Дар шароити имрӯзаи рушд ва татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим қарор дорад, ба варзиш рӯ овардани мардум, бахусус наврасону ҷавонон қобили дастгирист. Зеро дар шароити кунунии ҷаҳони муосир ба солимӣ ва осоишу оромии инсоният хатарҳои ҷиддӣ, аз қабили бемориҳои гуногуни сирояткунанда, нашъамандӣ, костагии одобу ахлоқ ва гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои номатлуб таҳдид мекунанд. Аз ин рӯ рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимтарини пешгирикунанда маҳсуб мешавад.

Манбаъ: http://khovar.tj/