Хуршед Тимур Ҷӯраев ва Элчибек Рашидбеков ба сафи “Регар-ТадАЗ” пайвастанд!

Хуршед Тимур Ҷӯраев ва Элчибек Рашидбеков ба сафи “Регар-ТадАЗ” пайвастанд!

Ба ҳайати дастаи футболи “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода боз ду футболбози дигар Хуршед Тимур Ҷӯраев ва Элчибек Рашидбеков ҳамроҳ шуданд. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Турсунзода хабар додаааст.

Хуршед Тимур Ҷӯраев қаблан дар дастаҳои “Истиқлол” ва КМВА таҷрибаи бозӣ дошта, ба ҳайси ниммуҳофизатгари марказӣ ҳунарнамоӣ мекунад.

Элчибек Рашидбеков бошад, ҳамлагар буда, дар солҳои қаблӣ бештар дар ҳайати КМВА ҳунарнамоӣ карда, як мавсим дар ҳайати “Хуҷанд” ҳам бозӣ кардааст.

Ҳамчунин, дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ду дифоъгар аз Ӯзбекистон - Асилбек Темиров ва Рамис Бегишев дигарбора қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонид. Қобили зикр аст, ки онҳо дар мавсими қаблӣ аз ҷумлаи бозигарони асосии дастаи шаҳри Турсунзода буда, пас аз боқӣ мондани дастаи “Регар-ТадАЗ” дар Лигаи олӣ роҳбарияти даста тасмим гирифтанд, то Асилбек Темиров ва Рамиз Бегишевро боз ба даста ҷалб кунанд. Муҳлати қарордоди ҳамкорӣ миёни ҷонибҳо як солро дарбар мегирад.