Медалҳои биринҷии муштзанони тоҷик дар Остона ва Боку

Медалҳои биринҷии муштзанони тоҷик  дар Остона ва Боку

23-28-уми март дар шаҳри Остонаи Қазоқичтон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс миёни ҷавонон ба хотираи чемпиони олимпӣ Бахтиёр Артаев доир гашт.

Дар мусобиқа, ки аз рӯи 13 вазн миёни писарон баргузор шуд, 286 варзишгар аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Ҷумҳурии моро 13 варзишгар намояндагӣ карда, танҳо ба Амирбек Маҳрамов муяссар шуд, ки дар вазни 52 кг медали биринҷӣ ба даст оварад.

24-28-уми март бошад, дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон мусобиқаи байналмилалии бокс – “Шоҳроҳи бузурги абрешим” баргузор шуд. Дар он, ки аз рӯи 13 вазн миёни мардҳо сурат гирифт, 104 варзишгар аз 11 давлат, аз ҷумла 2 варзишгар аз Тоҷикистон ширкат доштанд.

Муштзани ҷавону умедбахши кишвар Бузургмеҳр Иксанов дар вазни -57 кг ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор шуд.