Муддаиёни вазни то 100 кг дар Dushanbe Grand Slam 2024

Муддаиёни вазни то 100 кг дар Dushanbe Grand Slam 2024

Рӯзҳои 3-юм то 5-уми май қалби Тоҷикистон шаҳри Душанбе мизбони мусобиқаи ҷаҳонии ҷудо Dushanbe Grand Slam 2024 мешавад.

Дар мусобиқаи мазкур дар шаҳри Душанбе зери вазни то 100 кг ҳоло 30 ҷудокор номнавис шудаанд. Дар байни фаворитҳо дар категорияи вазни то 100 кг якчанд ҷудокорон ҳастанд, ки барои зинаҳои фахрӣ талош меварзанд.

Дар вазни то 100 кило муддаиёни асосӣ ин Ҷафар Костоев аз АМА , Ҷаҳонгир Маҷидов аз Тоҷикистон ва Гончиксурен Батхуяг аз Муғулистон мебошанд.

Ҷафар Костоев дар мусобиқаҳои Гранд Слам 2 нуқра ва 1 биринҷӣ дошта бо мақсади ба даст овардани аввалин тилло ба Душанбе омадааст.

Ҷаҳонгир Маҷидов чанде пеш дар Қаҳрамонии ҷудои Осиё нишони биринҷӣ ба даст овард ва дар назди ҳаводорони кишвараш ба ҳайси мизбон баҳри зинаҳои фахрӣ талош меварзад. Маҷидов дар мусобиқаҳои Гранд Слам як нишони биринҷӣ дорад.

Ҷудокори муғул Гончиксурен Батхуяг як нишони тилло, як нишони нуқра ва ду нишони биринҷии мусобиқаҳои Гранд Сламро дорад ва баҳри ба даст овардани имтиёзи олимпӣ ва нишони заррини мусобиқа рӯи татамӣ муборизаи ҷиддӣ хоҳад бурд ва аз муддаиёни асосӣ дар ин вазн хоҳад буд.

Ба қатори муддаиёни дигари ин вазн мо Кюле Рейес аз Канада, Нурлюхан Шархан аз Қазоқистон, Вон Ҷонгвун аз Корияи Ҷанубӣ ва Тома Никифоров аз Белгияро шомил карда метавонем, ки баҳри зинаҳои фахрӣ талош хоҳанд намуд.