Сармураббии мунтахаби Австрия метавонад «Бавария»-ро тамрин диҳад

Сармураббии мунтахаби Австрия метавонад «Бавария»-ро тамрин диҳад

Сармураббии феълии мунтахаби футболи Австрия Ралф Рангник метавонад шурӯъ аз мавсими ҷадид «Бавария»-ро тамрин диҳад.

Чӣ тавре журналист Флориан Плеттенберг дар шабакаҳои иҷтимоии хеш хабар медиҳад роҳбарияти «Бавария» бо Рангник гуфтушунидҳоро оғоз кардааст. Қайд карда мешавад, ки худи мураббӣ омодаи тамриндиҳии мюнхениҳо мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ралф Рангники 65-сола моҳи декабри соли 2021-ум ба ҳайси сармураббии «Манчестер Юнайтед» таъин шуда буд, вале моҳи майи соли 2022 аллакай ин дастаро тарк намуд.

«Бавария»-ро айни ҳол Томас Тухел тамрин медиҳад, ки бо анҷоми мавсими-2023/2024 аз даста меравад. Пештар дар ВАО оиди иштиёқи мюнхениҳо ҷониби Роберто Де Дзерби, Унаи Эмери ва Юлиан Нагелсман навишта шуда буд.