«Ювентус» ба финали Ҷоми Италия роҳхат гирифт

«Ювентус» ба финали Ҷоми Италия роҳхат гирифт

Шаби 23-юми апрел бозии ҷавобии марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Италия миёни дастаҳои «Латсио» ва «Ювентус» дар шаҳри Рим доир шуд, ки бо ҳисоби 2:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфт.

Ҷоми Италия. 1/2 ниҳоӣ. Бозии 2-юм

24-уми апрели соли 2024, сешанбе. 00:00 ДШБ

Латсио 2 : 1 Ювентус

1:0 Кастелянос – 12' 2:0 Кастелянос – 48' 2:1 Милик – 83'

Дар дақиқаи 12-уми дидор дастаи римӣ бо талоши Валентин Кастелянос ба пеш баромад.

Дар дақиқаи 49-ум Кастелянос муаллифи дубл гардид.

Дар дақиқаи 83-юм бошад Аркадиуш Милик як голи ҷавобиро дар сафи туриниҳо ба самар расонид.

Бозии аввали даври 1/2 ниҳоии Ҷоми Италия миёни ин дастаҳо рӯзи 2-юми апрел доир шуда, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи туриниҳо ҷамъбаст шуда буд. Ҳамин тариқ, аз рӯи ҳисоби ду бозӣ «Ювентус» ба финали мусобиқа роҳ ёфт.

 

Ёдовар мешавем, ки баҳри гирифтани роҳхати дуюмии финалӣ «Аталанта» ва «Фиорентина» ба ҳам меоянд. «Бунафшарангҳо» дар бозии аввал бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, рақобати ҷавобӣ имрӯз доир мегардад.