«Шанхай Шенхуа» пешниҳоди «МЮ»-ро рад кард

«Шанхай Шенхуа» пешниҳоди «МЮ»-ро рад кард

«Манчестер Юнайтед» дар мавриди тамдид кардани муҳлати иҷораи ҳамлагари нигерягӣ - Одион Игало то анҷоми мавсими солҳои 2019/2020 аз ҷониби «Шанхай Шэнхуа» посухи рад гирифтааст.

Барои анҷоми муҳлати бозгашти ин ҳамлагар ба дастаи асосии худ як ҳафта мондааст ва «Манчестер Юнайтед» ба ҳамтоёни чинии худ дар мавриди тамдиди шартномаи тарафайн дархост фиристода буд. Аммо «Шанхай Шэнхуа» талаб кардааст, ки ҳамлагари 30 сола қабл аз оғози мавсими нав ба ҳайати «Шанхай Шэнхуа» бозхонд шавад ва марҳилаи омодагиро бо тими чинӣ гузаронад. Агар ҷонибҳо ба мувоффиқа омада натавонанд, пас Игалоро зарур аст, ки ба Шанхай баргардад, новобаста аз он, ки дар Англия мавсим ба анҷом нарасидааст.

Дар навбати худ «Шанхай Шенхуа» омодааст, ки бо ин ҳамлагараш то соли 2024 қарордоди нав бандад ва ба ӯ 400 ҳазор фунт дар як ҳафта маош диҳад.