Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро дар Ҷоми Осиё-2024 доир кард

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро дар Ҷоми Осиё-2024 доир кард

19-уми апрел дар варзишгоҳи «Ал-Ҷануб»-и Давҳа бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 дар чаҳоргонаи «С» миёни дастаҳои олимпии Тоҷикистон ва Ироқ баргузор шуд. Дар ин бозӣ дастаи мо аз мунтахаби Ироқ бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуд.

Ҳисобро дар ҷараёни вохӯрӣ нахуст ироқиҳо бо голи капитани даста Мунтадҳер Муҳаммад боз карданд. Дар идома дар дақиқаи 22-юми бозӣ Али Ҷасим аз зарбаи пеналтӣ ҳисобро дуболо кард.

Дар дақиқаҳои иловаи намудаи довар ба қисми аввали бозӣ Рустам Соиров аз пеналтӣ гол зад ва ҳисобиро 1 бар 2 намуд. Дар дақиқаи 56-уми бозӣ Ҳассан Ҳамид голи сеюми Ироқро зад. Каррар Саад дар дақиқаи 87-ум аз ирсоли головари Алӣ Ҷасим истифода бурда, голи чаҳоруми Ироқро ба дарвозаи мо ба самар расонид. Меҳрон Мадаминов ҳамлагари тими миллии мо аз ҳайати захаравӣ вориди майдон шуда, ба задани гол даст ёфт.

Ироқ аввалин пирӯзиро дар Ҷоми Осиё 2024 ба даст овард. Тими миллии мо маротибаи дуюм ноком шуд. Дар бозии дигари гурӯҳ Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0 бар 5 Тайландро шикаст дода, ба даври плей-офф роҳ ёфт.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозии худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 муқобили ғолиби феълии мусобиқа тими Арабистони Саудӣ анҷом дода, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрда буд.