"Истиқлол" дар ду дақиқа соҳиби ҷоиза шуд

"Истиқлол" дар ду дақиқа соҳиби ҷоиза шуд

Дастаи “Истиқлол”  дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон “Хуҷанд” - ро дар варзишгоҳи марказӣ шикаст дод ва барандаи ин ҷом шуд. Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди душанбегиҳо хатм гардид. Голҳоро дар ҳайати дастаи ғолиб  Мануҷеҳр Ҷалилов (76) ва Муҳаммадҷон Раҳимов (78) ба дарвозаи меҳмонон заданд. Ягона голи “Хуҷанд”-ро бошад, Санҷар Рихсибоев дар дақиқи дуюми бозӣ ба ҳадаф расонид. “Хуҷанд” дар кӯшиши ҷаҳоруми худ низ Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст оврда натавонист. “Истиқлол” бошад, бори 9-ум аст, ки ин ҷойзаро моли худ месозад. 

Суперҷоми Тоҷикистон - 2020

«Истиқлол» – «Хуҷанд» - 2:1

Голҳо: Санҷар Рихсибоев, 2 (0:1), Манучеҳр Ҷалилов, 78 (1:1), Муҳаммадҷон Раҳимов, 80 (2:1)

“Истиқлол”: Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Марко Милич, Искандар Ҷалилов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 58), Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Алишер Ҷалилов (капитан, Рустам Соиров, 76), Виктор Свежов, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Воҳид Оразсаҳедов, 58), Манучеҳр Ҷалилов. 

“Хуҷанд”: Маъмур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Фирдавс Чақалов (Алишер Баротов, 76), Манучеҳр Сафаров, Хуршед Бекназаров, Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев (Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 76), Абдулмуъмин Забиров (Андрей Сидоров, 84), Санҷар Рихсибоев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 64), Комрони Мирзонаҷот, Дилшод Бозоров (капитан).